Май 17, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар тақвияти ҳамкории Русия ва ҷаҳони ислом

Раисҷумҳури Русия бар омодагии ин кишвар барои тақвияти ҳамкориҳо бо ҷаҳони ислом дар мубориза бо терроризм таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник аз Маскав, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба муносибати баргузории ду нишаст бо мавзуи ҷаҳони ислом ибрози итминон кард, талошҳои муштарак метавонад нақши муассире дар муқобила бо терроризм ва ҳалли мусолиматомези буҳронҳои минтақаӣ дошта бошад .

Путин бо ишора ба чолишҳои пешорӯи кишварҳои исломӣ дар заминаи терроризм, ифротгароӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз мусулмонон хост, батаври комил ба Русия эътимод кунанд, зеро Маскав омодаи густариши ҳамкорӣ бо шуракои минтақаии худ барои сохтани низоми ҷаҳонии одилона ва демократии дур аз ҳаргуна таассуб, табъиз ва зӯргуӣ аст .

Сеюмин Нишасти давраии дидгоҳҳои роҳбурдии "Русия ва ҷаҳони ислом" дар Грозний, пойтахти Чеченистон баргузор шуд ва Нишасти байналмилалии иқтисодӣ бо унвони "Русия ва ҷаҳони ислом" 18 ва 19 май дар Газан, пойтахти Тотористон баргузор мешавад.

 

Барчасп