Инфиҷори маргбор дар майдони Манчестери Англия
Полиси Британия эълом кард: Ба сабаби вуқуи инфиҷор дар майдони сарпушидаи шаҳри Манчестер даҳҳо тан кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шудаанд.
Ба иттилои манобеи хабарӣ, бархе расонаҳо теъдоди куштаҳои ин ҳодисаро беш аз 20 тан ва захмиҳоро ҳудуди 50 нафар эълом кардаанд .
Шабакаи телевизионии BBC, бо истинод ба гуфтаи шоҳидон эълом кард: Дар паи вуқуи инфиҷор дар як консерт дар шаҳри Манчестери Англия, пайкарҳои ҳудуди 20 то 30 нафар рӯи замин мушоҳида шудааст .
Ин шабакаи телевизионии англисӣ бо ин эҳтимол, ки ин инфиҷор як иқдоми террористӣ бошад, ба нақл аз як шоҳид ҳам гузориш дод: Теъдоди зиёде кӯдак дар ин консерт дар майдони сарпушидаи шаҳри Манчестер ҳузур доштанд .
Тибқи ин гузориш, пас аз шунида шудани садои инфиҷори маҳиб дар маҳалли баргузории консерт дар шаҳри Манчестер, нерӯҳои полису имдод ба суръат дар маҳалли инфиҷор ҳозир шуданд.
Полиси Британия, минтақаро муҳосира карду теъдоди зиёди мошини полис ва ёрии таъҷилӣ дар атрофи толори консерт таҷаммуъ карданд .
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, пас аз инфиҷор, садои шиллики гулула ва ожири ёрии таъҷилӣ фазои шаҳри Манчестерро мултаҳибу буҳронӣ кардааст .
Видеоҳои мунташиршуда нишон медиҳад, тамошогарон пас аз шунидани садои инфиҷор, саросема аз майдони сарпушидаи шаҳри Манчестер фирор мекунанд .
Дар паи ин инфиҷор, истгоҳи қатори Виктория дуввумин истгоҳи бузурги шаҳри Манчестер, ки наздики маҳалли инфиҷор қарор дорад, тахлия шудааст .