Русия: Иддаои ҳимояти Маскав аз Толибон беасос аст
Сафорати Русия дар Кобул иддаои бархе фармондеҳони Афғонистон дар бораи ҳимояти Маскав аз гурӯҳи Толибонро беасос хонд.
Ба гузориши ИРНА, Сафорати Русия дар Кобул дар баёнияе эълом кард, Маскав ҳеҷ гуна ҳимояте аз Толибон намекунад ва бархе аз мақомоти давлати Афғонистон, аз ҷумла Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯйи раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ ҳам ин гуна иддаоҳоро рад кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки генерал Сангарӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Урузгон, генерал Аҳмадзай, фармондеҳи сипоҳи 215-и артиш дар Ҳилманд ва фармондори шаҳристони Каҷакии ин вилоят аз ҳузури баъзе мушовирони русӣ дар миёни афроди Толибон хабар додаанд.
Ахиран ахборе мунташир шудааст, ки нишон медиҳад болгардҳои ношинос ба манотиқи таҳти тасарруфи Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон силоҳ мунтақил мекунанд.
Дар айни ҳол расонаҳо аз парвози болгардҳои русӣ аз хоки Тоҷикистон хабар додаанд.