Май 24, 2017 15:37 Asia/Dushanbe

Ҳаштумин Иҷлоси мақомоти олии амниятии панҷ қорраи ҷаҳон бо ҳузури мақомоти 95 кишвар аз ҷумла Эрон дар шаҳри Завидова дар шимоли Маскав оғоз ба кор кард.

Ба иттилои Ирно, дар ин нишаст, ки ба ибтикори ҷумҳурии исломии Эрону Русия дар ҳоли баргузорӣ аст, паёми Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва паёми Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милал қироат шуд .

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Фолеҳ Фаёз ва Алӣ Мамлук, мушовирони амнияти миллии Ироқу Сурия дар Иҷлоси амниятии Русия ҳузур доранд .

Бар асоси ин гузориш, нишасти масъулони ниҳодҳои амнияти миллии Эрон, Русия, Ироқ ва Сурия низ сешанбе шаб бо дастури кори ҳамгароии бештар ва коромадтар бо ҳадафи муборизаи зидди терроризм дар Русия баргузор шуд .