Намози нишаста ва рақси истодаи шоҳи Арабистон!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17666-Намози_нишаста_ва_рақси_истодаи_шоҳи_Арабистон!
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз бо интишори тасвире, Малик Салмон ибни Абдулазизро, ки намози худро нишаста мехонад, аммо бо Доналд Трамп истода мерақсад, ба чолиш кашиданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 24, 2017 12:00 Asia/Dushanbe
  • Намози нишаста ва рақси истодаи шоҳи Арабистон!

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз бо интишори тасвире, Малик Салмон ибни Абдулазизро, ки намози худро нишаста мехонад, аммо бо Доналд Трамп истода мерақсад, ба чолиш кашиданд.

Ба иттилои хабаргузории Ирно, фаъолони шабакаи иҷтимоӣ ду тасвирро мунташир карданд, ки дар яке аз онҳо Малик Салмон ибни Абдулазиз намози худро ба далели нотавонӣ нишаста мехонад, аммо дар тасвири дуввум вай сари по истода ва дар ҳоли рақс бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикост .

Доналд Трамп, ки дар рӯзҳои ахир дар нахустин сафари хориҷии худ аз замони оғози давраи раёсатҷумҳуриаш ба Арабистон рафта буд, дар Риёз ба ҳамроҳи Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дар рақси суннатии ин кишвар ширкат кард .

Рақси суннатии “Алъараза Алнаҷдия”, ки дар Арабистон ҳамон “Алъараза” низ хонда мешавад, навъе рақси бо шамшир аст, ки дар он анвои таблҳо навохта мешавад ва касоне, ки дар он мушорикат доранд, либосҳои хосе мепушанд .