Эътирози сенатори амрикоӣ ба қрододи таслеҳотии Вашингтон-Риёз
(last modified Wed, 24 May 2017 12:17:32 GMT )
Май 24, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Эътирози сенатори амрикоӣ ба қрододи таслеҳотии Вашингтон-Риёз

Сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ, таваққуфи фаврии фурӯши силоҳҳои амрикоиро ба Арабистон хостор шуд.

Ба иттилои шабакаи Presstv, Ренд Пол, сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ гуфт: Вашингтон бо ҳимояту фурӯши силоҳ ба Риёз дар ҷиноёти режими Оли Сауд дар Яман шарик ва ҳамдаст аст.  

Ин сенатори амрикоӣ қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе пешнависи тарҳеро барои ҷилавгирӣ аз иҷрои тавофуқномаи фурӯши силоҳ ба Арабистон ироа кунад, ки раъйгирӣ дар бораи он авоили июни 2017 баргузор мешавад .

Гуфта мешавад, Ренд Пол бар асоси “Қонуни контроли судури силоҳ” ин тарҳро барои тасвиб ба Сенати Амрико ироа мекунад .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар сафари ахири худ ба Арабистони Саудӣ тавофуқномаи 110 миллиард долларӣ барои фурӯши силоҳ ба ин кишвар имзо кард .

Аз замони оғози таҷовузи Арабистон ба Яман дар марти соли 2015, Амрико ҳамвора Риёзро мавриди ҳимоятҳои иттилоотӣ ва таслеҳотӣ қарор додааст.

Ҳамалоти бевақфаи Арабистон ба манотиқи маскунии Яман дар баробари сукути маҳофили байналмилалӣ ҳамчунон идома дорад ва танҳо натиҷаи ин ҳамалот қурбонӣ шудани ҳазорон ғайринизомӣ аз ҷумла занону кӯдакони яманӣ будааст .