Видео: Ҳиҷоби ҳамсари Трамп дар Ватикан бар хилофи Арабистон
Бар хилофи сафар ба Арабистон ва дидор бо подшоҳи Саудӣ, Мелания, бонуи аввал ва Иванка Трамп, духтари раисҷумҳури Амрико дар маросими дидор бо попи Франсис дар Ватикан пушише бар сари худ доштанд.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи ҳамсараш Мелания ва духтараш Иванка ва домодаш Ҷаред Кушнер дар мақарри Ватикан дар Рум ҳозир шуданд ва бо Попи Франсис дидор карданд .
Бино бар протоколи Ватикан, бонуи аввали Амрико ва низ духтари раисҷумҳур либосе сиёҳ пушиданд ва аз пушише барои муйҳои худ истифода карданд .
Ин дар ҳолест, ки пушида набудани сари Мелания ва Иванка дар сафар ба Арабистони Саудӣ ва дидор бо Малик Салмон, ки Ходималҳарамайн хонда мешавад, ба маҳалли баҳсу ҷадали фаровоне миёни аъроб дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаддил шуд .
Ватикан сеюмин мақсади нахустин сафари хориҷии Доналд Трамп пас аз Арабистону Фаластини ишғолӣ ба шумор меояд .