Афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17886-Афзоиши_ҷамъияти_мусулмонон_дар_ҷаҳон
Натоиҷи таҳқиқоти як муассисаи амрикоӣ нишон медиҳад, ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон афзоиши чашмгире хоҳад ёфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 28, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар ҷаҳон

Натоиҷи таҳқиқоти як муассисаи амрикоӣ нишон медиҳад, ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон афзоиши чашмгире хоҳад ёфт.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Алмасдар, маркази пажуҳишҳои PEW, натоиҷи таҳқиқи худ дар мавриди ҷамъияти адёни бузурги ҷаҳонро мунташир кард, ки бар ин асос, дини мубини ислом бо эҳтисоби шароити феълӣ, нисбат ба соири адён бо суръати бештаре густариш пайдо мекунад .

Бар асоси ин таҳқиқ, то соли 2010 шумори мусулмонони ҷаҳон як миллиарду 599 миллиону 700 ҳазор нафар буда ва маҷмуи 23 дарсади адёни ҷаҳонро ташкил медоданд.

Пешбинӣ мешавад, то соли 2050, шумори мусулмонон ба ду миллиарду 761 миллиону 480 ҳазор нафар афзоиш ёбад ва 29 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро ташкил диҳанд .

Бар асоси натоиҷи ин таҳқиқ, то соли 2050 шумори мусулмонон тақрибан бо теъдоди масеҳиён дар тамоми ҷаҳон баробарӣ хоҳад кард .

Натоиҷи таҳқиқи муассисаи PEW нишон медиҳад, дини мубини ислом соли 2050 баъд аз масеҳият дуввумин дини бузург дар Амрико хоҳад буд .