Май 28, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Давлати Кобул: Толибон ба моҳи Рамазон ҳам эҳтиром намегузоранд

Вазоратхонаҳои кишвар ва дифои Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи террористии рӯзи шанбе дар шарқи ин кишвар эълом карданд, гурӯҳи Толибон барои моҳи мубораки Рамазон эҳтиром қоил нест.

Ба иттилои хабаргузории Ава, Давлат Вазирӣ, сухангуи Вазорати дифои Афғонистон гуфт: Толибон ба дунболи ҷангафрӯзӣ дар Афғонистон аст дар ҳоле, ки давлати Ашраф Ғанӣ хоҳони поёни ҷанг дар кишвар аст.

Вазирӣ афзуд: Агар мухолифон ба ҷанг дар Афғонистон идома диҳанд, артиши ҳам барои дифоъ аз худ ва мардум ҳамчунон ба муқобила бо Толибон идома хоҳад дод .

Наҷиб Дониш, сарпарасти дафтари сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон низ гуфт: Душманони Афғонистон ба моҳи Рамазон эҳтиром намегузоранд ва ҳамлаи дирӯз дар шаҳри Хост нишон медиҳад, ки Толибон ба ҳеч усуле пойбанд нест .

Дар ҳамлаи террористии субҳи дирӯз дар шаҳри Хост, ҷануби шарқии Афғонистон 18 нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд .

 

Барчасп