Май 31, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • 127 кушта ва захмӣ дар инфиҷори Кобул

Инфиҷори худрави бомбгузоришуда наздики сафоратхонаи Олмон дар Кобул то кунун 60 кушта барҷо гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар пайи вуқӯи инфиҷори имрӯз дар минтақаи “Взир Акбархон” -и Кобул то кунун дастикам 60 тан кушта ва 67 захмӣ ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулиятт ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст.

Соати 8; 30 дақиқаи субҳи рӯзи чаҳоршанбе инфиҷори сахте дар наздики Сафорати Олмон дар Кобул, маркази пойтахти Афғонистонро ларзонд.

Гуфта мешавад ҳадафи ин инфиҷор дафтари Амнияти миллии Афғонистон будааст.

 Сафорати Олмон, дафтари Амияти миллӣ, Шабакаи телевизион як ва ширкати мухобироти “Равшан” дар канори ҳам воқеъ шудаанд.

Маъмурони амниятӣ роҳҳои мунтаҳӣ ба маҳалли инфиҷорро бастаанд.

Ин инфиҷор ба қадре нерӯманд буд, ки шишаҳои сохтмонҳои атрофро дастикам то як километр дуртар аз маҳалли рӯйдод шикастааст. Шишаҳои сохтмони дафтари хабаргузории Садо ва Симо ва намояндагии ИРНА дар Кобул низ бар асари ин инфиҷор шикастааст.

 

Барчасп