Май 31, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • 10 ҳақиқати ҷолиб дар бораи иқтисоди Русия

10 воқеият дар бораи иқтисоди Русия, ин кишварро ба яке аз бузургтарин қудратҳои иқтисоди ҷаҳон табдил кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, Русия рутбаи 12-уми ҷаҳонро дар тавлиди нохолиси миллӣ дорад ва аз лиҳози қудрати харид дорои рутбаи шашум дар ҷаҳон аст.

Ин кишвар ҳамчунин бештарин захоири гази ҷаҳонро дорост, як чаҳоруми захоири гази ҷаҳон - муодили як триллиону 700 миллиард фут мукааб дар зери хоки Русия ҷой гирифтааст ва ин кишвар бузургтарин содиркунандаи газ маҳсуб мешавад.

Масоҳати кишвари Русия муодили масоҳати сайёраи Плутон аст ва як ҳафтуми кулли масоҳати курраи заминро ташкил медиҳад ва бо масоҳате муодили 17 миллион километри мураббаъ васеътарин кишвари ҷаҳон аст.

Русия шашумин захоири бузурги тиллои ҷаҳонро дорад ва захоири тиллои ин кишвар дар соли 2016 ба ҳазору 500 тон расид, вале Русия фақат ба захира кардани тилло басанда намекунад, балки аз бузургтарин тавлидкунандагони ин филизи арзишманд ва филизоти дигар аст. Ҳамчунон ки бузургтарин тавлидкунандаи алмос дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва ҳаҷми тавлиди алмос дар Русия муодили 25 дарсади ҳаҷми тавлиди ҷаҳонӣ аст.

 Бахши кишоварзӣ низ яке дигар аз сутунҳои иқтисоди Русия аст, ба наҳве ки содироти зироати ин кишвар дар соли 2016 аз содироти таслиҳотиаш бештар будааст.

Санъати аслиҳасозӣ 20 дарсад аз фурсатҳои шуғлии саноати мухталифи Русияро ташкил медиҳад ва санъати ҳавопаймосозӣ низ беш аз 350 ҳазор фурсати шуғлӣ эҷод кардааст.

 Санъати ҳаво – фазои Русия ҳам чархи беш аз 100 ширкатро мечархонад ва барои 250 ҳазор нафар иштиғол эҷод кардааст.

 

Бо вуҷуди ин, иқтисоди Русия дар чанд соли гузашта ба иллати коҳиши қимати нафт ва таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дучори кундии рушд шуда ва давлатро бар он доштааст, ки тадобиреро ҳамчун костани ҳазинаҳо дар пеш бигирад.

Дар натиҷаи ин сиёсатҳо, Бонки ҷаҳонӣ беҳбуди вазъияти иқтисодии ин кишварро дар соли 2017 ва бозёбии рушди иқтисодиро дар 3 соли оянда пешбинӣ кардааст.

 

Барчасп