Трамп шумораи ҳамроҳи худро ба раҳбарони ҷаҳон дод!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18046-Трамп_шумораи_ҳамроҳи_худро_ба_раҳбарони_ҷаҳон_дод!
Раисҷумҳури Амрико, шумораи телефони ҳамроҳи худро ба раҳбарон ҷаҳон дод ва аз онҳо хост, ба ӯ занг бизананд!
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 31, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Трамп шумораи ҳамроҳи худро ба раҳбарони ҷаҳон дод!

Раисҷумҳури Амрико, шумораи телефони ҳамроҳи худро ба раҳбарон ҷаҳон дод ва аз онҳо хост, ба ӯ занг бизананд!

Ба иттилои хабаргузории Ассошиатед Пресс, ин иқдоми Доналд Трамп, дархосте ғайриоддӣ ба шумор меравад ва протоколҳои дипломатиро нақз мекунад ва нигарониҳоеро дар хусуси амният ва маҳрамона мондани иртибототи раисҷумҳури Амрико муҷиб мешавад .

Масъулони кунунӣ ва собиқи амрикоӣ таъкид карданд, ки Трамп, аз раҳбарони Канада ва Мексика хостааст, бо телефони ҳамроҳи ӯ тамос бигиранд .

Ба гуфтаи ин масъулон, шояд токунун Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада танҳо касе бошад, ки аз ин пешниҳоди Трамп истифода карда бошад .

Масъулони фаронсавӣ низ гуфтанд, ки Доналд Трамп ба Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ шумора дод ва шумораи телефони ҳамроҳи ӯро гирифт .