Май 31, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Раҳбарони шимоли Аврупо Трамп ва Салмонро масхара карданд!

Нахуствазирони шимоли Аврупо дар иқдоме бесобиқа, расман раисҷумҳури Амрико ва подшоҳи Арабистони Саудиро масхара карданд.

Ба иттилои Алъолам, агарчи камтар иттифоқ меафтад, ки раҳбарони ҷаҳон якдигарро масхара кунанд, аммо нахуствазирони панҷ кишвари шимоли Аврупо даври ҳам ҷамъ шуданд ва тупи футболе дар даст, аксе шабеҳи акси Доналд Трамп, Малик Салмон ва Абдулфаттоҳ Сисӣ гирифтанд.

Доналд Трамп ҳафтаи гузашта дар Маркази мубориза бо терроризм дар Риёз, дар канори Малик Салмон, подшоҳи Арабистон ва Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср дасташро рӯи як тупи нуронӣ, ки намоди кураи замин аст, гузошт ва акс гирифт, ки ин акс ба суръат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони акси анҷумани шаётин маъруф шуд .

Ин акс чунон маъруф шуд, ки нахуствазирони Дания, Финланд, Исландия, Норвегия ва Шветсия пас аз нишасти баррасии ҳамкории миёни кишварҳояшон, ки дар Бергени Норвегия баргузор шуд, аксе шабеҳи он гирифтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд .

Image Caption
Image Caption

Солберг, нахуствазири Норвегия бо дарҷи ин акс дар саҳифаи Фейсбуки худ ба ҳамроҳи акси Трамп дар Арабистони Саудӣ, зери ин ду акс навишт: Намедонам дар акси боло (акси Трамп) ба чи фикр мекунанд, аммо дар акси поин, нахуствазирони панҷ кишвари шимоли Аврупо, туперо дар даст гирифтаанд, ки намоди тавсеаи пойдор аст ва умедворем, ки тарҳе барои оянда бошад .

 

Барчасп