Июн 02, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар мавриди вазъияти иқтисодии Амрико

Фиқдони шаффофият дар сиёсатҳои зербиноӣ ва баҳси молиётҳо дар Амрико сабаб шудааст, то ояндаи иқтисодии ин кишвар дар маърази таҳдид қарор гирад.

Муассисаи Блак Рок, бузургтарин муассисаи хадамоти молӣ дар Амрико дар гузорише эълом кард, иқтисоди ин кишвар ба далели фиқдони шаффофият дар барномаҳои иқтисодӣ ва идомаи ибҳом дар заминаи қавонини молиётӣ, ҷаззобияти худро барои ҷазби сармоягузориҳо аз даст додааст ва қодир нахоҳад буд, пешбиниҳо дар хусуси рушди иқтисодиро дар соли ҷорӣ муҳаққақ созад .

Пеш аз ин бархе аз арзёбиҳо дар мавриди рушди иқтисодии Амрико ҳикоят аз он дошт, ки дар поёни соли 2017, рушди иқтисодии ин кишвар болиғ бар 2,2 дарсад хоҳад буд.  Дар ҳоле, ки арзёбиҳои ҷадид аз ҷумла, таҳқиқоти Муассисаи Блак Рок нишон медиҳад, дар хушбинонатарин ҳолат, рушди иқтисодии Амрико дар поёни соли 2017 ба ду дарсад хоҳад расид. Ҳамин ду даҳуми дарсад рушди иқтисодии байни пешбиниҳои қаблӣ ва ончи, ки эҳтимолан рух хоҳад дод, бозорҳои кору сармояро дар Амрико таҳти таъсир қаро хоҳад дод .

Бо ин ҳол, арзёбии бархе аз муассисоти молӣ назири Блак Рок нишон медиҳад, ки тавони рақобатии Амрико дар баробари руқабои хориҷӣ аз ҷумла Аврупо рӯ ба уфул аст.

Ларри Финк, раиси Блак Рок эълом кардааст, бархилофи интизорот, дар соли ҷорӣ иқтисоди Аврупо бо суръатии баробар ё бештар аз суръати рушди иқтисодӣ дар Амрико рушд хоҳад кард. Вай дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Индепендент гуфт, бархилофи тахминҳои Блумберг аз рушди нохолиси миллии ду даҳуми дарсадӣ дар Амрико ва ҳашту як даҳуми дарсадӣ дар Иттиҳоди Аврупо дар соли ҷорӣ, Амрико рушди 2 дарсадӣ нахоҳад дошт ва дар муқобил иқтисоди Аврупо бо рушде муодил бо панҷу ду даҳуми дарсад, беш аз Амрико рушди иқтисодиро таҷруба хоҳад кард.

Чунин рушде дар Аврупо, сармояҳоро ба самти худ ҷалб мекунад, ки бахше аз онон аз бозори молии Амрико ба он қорра сарозер хоҳад шуд. Бо ҳаракат дар бозори сармоя аз дохил ба хориҷ аз Амрико, фурсатҳои шуғлии зиёде дар ин кишвар аз даст хоҳад рафт.

Албатта давлати Амрико дар талош аст, бо анҷоми бархе ислоҳот дар бозорҳои молӣ ва эъмоли тахфифҳои молиётӣ, бар ҷаззобияти иқтисоди Амрико биафзояд. Бо ин ҳол, ибҳомоти эҷодшуда дар хусуси қавонини ҷадиди молиётӣ ва буҳронҳои сиёсии перомуни давлати Трамп, умед ба беҳбуди вазъияти иқтисодии Амрикоро дар ҳолае аз ибҳом фуру бурдааст .

 

Барчасп