“Блумберг”: Трамп таҳдиде барои иқтисоди Амрикост
Пойгоҳи интернетии “Блумберг” сиёсатҳои ҷанҷолии раисҷумҳури Амрикоро таҳдиде барои иқтисоди ин кишвар арзёбӣ кард.
Пойгоҳи интернетии “Блумберг” рӯзи ҷумъа дар гузорише ҳушдор дод, сиёсат ва мавзеъгириҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико метавонад натоиҷи вайронгар дошта бошад. Ин гузориш мавозеи Трампро омили сардаргумии иқтисоди Амрико муаррифӣ карда навиштааст: “Хушбинонатарин ҳолат он аст, ки Трамп фақат ҷанҷоли сиёсӣ эҷод мекунад ва кори мухаррибе анҷом надиҳад, аммо ӯ зимни лаффозиҳои ҷанги тиҷорӣ исбот кардааст, ки ба мавзеи ҷанҷолии худ амал мекунад”.
“Блумберг” бо ишора ба авзои ошӯфтаи буҷаи Амрико ва фишори ношӣ аз он ба молиётдиҳандагон, аз ихтилофи Маҷлиси намояндагон ва Кохи Сафед дар ин бора сухан гуфта, ҳушдор додааст, ин вазъ дар ояндаи наздик ба иқтисоди Амрико осеб мезанад.
Ин гузориш бозорҳои саҳҳомро аз дигар бахшҳое баршумурда, ки ҳамвора дар маърази осебҳои ношӣ аз паёмҳои твиттерии ҷанҷолии Трамп аст. “Блумберг” тасреҳ кард, Трамп бо осеб задан ба иқтисоди Амрико мӯҷиби ноумедии гардишгарону донишҷӯёни хоҳони таҳсил дар ин кишвар шудааст.