Июн 03, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Иттилоъ доштани полиси Кобул аз инфиҷори ахир дар пойтахти Афғонистон

Фармондеҳи полиси Кобул эълом кард, полис аз вуқуи инфиҷори террористии ахир дар минтақаи Вазир Акбархони пойтахти Афғонистон иттилоъ доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҳасани Шоҳфурӯғ, фармондеҳи полиси шаҳри Кобул рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, полис иқдомоте барои ҷилавгирӣ аз ин ҳамла анҷом дода буд, аммо касе тасаввур намекард террористҳо 1.5 тон маводи мунфаҷираро дар танкери фозилоб ҷосозӣ карда бошанд.

Фармондеҳи полиси шаҳри Кобул афзуд, таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки ҳадаф аз инфиҷори террористии минтақаи Вазир Акбархон, сохтмони Сафорати Олмон будааст.

Ниҳодҳои амниятии Афғонистон ҳамлаи Кобулро ба гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ ва Созмони иттилооти артиши Покистон нисбат медиҳанд, аммо Исломобод ин иттиҳомро рад мекунад.

Бар асари инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи дипломатнишини Кобул сад нафар куштаву 500 нафари дигар низ захмӣ шуданд ва сохтмони бисёре аз намояндагиҳои сиёсӣ, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, Олмон, Иморот, Ҷопон ва Туркия осеби бисёре дидааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп