Гузориши фаслии ожонс дар бораи БАРҶОМ, зарурати иҷрои тааҳҳудоти мутақобил
Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар тозатарин гузориши фаслии худ, бори дигар тайид кард, фаъолиятҳои ҳастаии ҷумҳурии исломии Эрон тибқи маҳдудаҳои мушаххасшуда дар тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи панҷи ба иловаи як мавсум ба БАРҶОМ будааст.
Гузориши ҷадиди Юкия Амано, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Шӯрои ҳукком ва ҳамзамон ба Шӯрои амнияти Созмони милал дар хусуси иҷрои тааҳҳудоти муртабити ҳастаии ҷумҳурии исломии Эрон зайли барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва дар хусуси мавзуоти муртабит бо ростиозмоӣ ва назорат дар Эрон дар чорчуби қатъномаи 2231 (2015) Шӯрои амният ироа шудааст.
Ожонс аз рӯзи иҷрои БАРҶОМ, ба ростиозмоӣ ва назорат бар иҷрои иқдомоти муртабити ҳастаии БАРҶОМ тавассути Эрон идома додааст.
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пеш аз ин ҳам дар гузоришҳои фаслӣ, ки пас аз тавофуқи ҳастаӣ мунташир кардааст, пайбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро тайид карда буд .
Ризо Наҷафӣ, намояндаи доими ҷумҳурии исломии Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо ишора ба инки матни гузориши ҷадиди ожонс мушобеҳи гузоришҳои қаблӣ аст, гуфт, танҳо таҳаввулоти фаннӣ аз замони гузориши март токунун изофа шудааст. БАРҶОМ бо вуҷуди нукоти мусбат дорои нуқоти мубҳам ва заъфҳое низ будааст.
Барчида шудан ва аз байн рафтани зерсохти таҳримҳои муртабит бо ҳастаӣ, ки баъзан аз он бо таъбири “лағви таҳримҳо рӯи коғаз” ёд мешавад, ба лиҳози ҳуқуқӣ ва сиёсӣ аҳамияти хосе дорад. Алорақми изҳори назарҳои мукаррари мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар тааҳҳуди Амрико ба ифои тааҳҳудоти худ мутобиқи БАРҶОМ, бахшҳо ё маҳофили қудратманде дар даруни дастгоҳи иҷроии Амрико рағбати чандоне ба иқдоми фаъолона барои рафъи нуқоти ибҳом надошта ва ҳатто дар мавориде талошҳои суратгирифта барои рафъи мавонеъро хунсо мекунад.
Баррасиҳои ба амал омада аз раванди иҷрои БАРҶОМ нишон медиҳад, ки давлати Амрико дастикам дар 11 маврид аҳдшиканӣ карда ва хилофи БАРҶОМ таҳримҳои ҷадиде тасвиб ё маҳдудиятҳоеро алайҳи Эрон эъмол кардааст.
Ҳадаф аз ин иқдомот ҳифзи аҳрумҳои фишор ва таҳримҳо алайҳи Эрон аст.
Матлуби Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ аз ибтидо водоштани Эрон ба таслим шудан дар муқобили фишорҳо ва таҳримҳо ва таҳдидҳои ғарб буд. Эрон дар чорчуби тавофуқи БАРҶОМ нишон дод, ки аз ҳуқуқи машруи худ сарфиназар нахоҳад кард, аммо дар ҷиҳати эътимодсозӣ омодаи таомул дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ, тавофуқи БАРҶОМ дар 14 июли 2015 бо ибтикороти фаннӣ ва сиёсӣ, дар ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобили Эрон ва ожонс ва ҳамчунин миёни Эрон ва шаш кишвари тарафи музокира барои танзими таомулоти дуҷониба шакл гирифт. Акнун шароити муносибтаре барои густариши муносиботи Эрон ва ожонс фароҳам шуда ва гузориши фаслии ожонс ҳам мавиди ин нукта аст. Албатта таҳаққуқи ин ҳадаф манут ба он аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ ба вазифааш ба диққат амал кунад ва мавонеъ ва мушкилотеро, ки Амрико бар сари роҳи иҷрои БАРҶОМ бавуҷуд овардааст, бартараф кунад.