Июн 04, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сарони кишварҳои аврупоӣ ба ҳамалоти террористии Лондон

Сарони кишварҳои аврупоӣ, ҳамалоти террористии Лондон, пойтахти Британияро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи якшанбе ҳамлаи шаби гузаштаи Лондонро, ки шаш кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт, маҳкум ва бо мардуми Британия ибрози ҳамдардӣ кард .

Ангела Меркел, садриаъзами Олмон низ бо маҳкум кардани ҳамалоти террористии Лондон эълом кард, мардуми Олмон дар канори мардуми Британия истодаанд .

Паоло Гентилони, нахуствазири Италия ва Мариано Рахой, нахуствазири Испания низ ҳамалоти террористии Лондонро маҳкум карданд .

Бомдоди якшанбе дар се нуқтаи шаҳри Лондон террористҳо бо мошин ва силоҳи сард ба ҷони шаҳрвандони англисӣ афтоданд. Полиси Лондон кушта шудани дастикам 6 шаҳрванд ва 3 муҳоҷимро тайид кардааст. Кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Британия, ки аз ҳеч талоше барои кумакрасонӣ ба террористҳои минтақаи Ховари Миёна бавижа террористҳои мустақар дар Сурия дареғ накарданд, дар ҳоли ҳозир бо бозгашти аъзои аврупоии террористҳои ДИИШ ва анҷоми ҳамалоти террористӣ мувоҷеҳ шудаанд .

 

Барчасп