Сафири Афғонистон дар Теҳрон: Афғонҳо таслими терроризм нахоҳанд шуд
(last modified Sun, 04 Jun 2017 11:56:59 GMT )
Июн 04, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Сафири Афғонистон дар Теҳрон: Афғонҳо таслими терроризм нахоҳанд шуд

Сафири Афғонистон дар Эрон бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии мақомоту миллати Эрон бо мардуми Афғонистон дар паи ҳамалоти террористии ахир дар Кобул гуфт: Миллати Афғонистон таслими таассуб, ваҳшат ва терроризм нахоҳад шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Ирно, Насир Аҳмади Нур, сафири Афғонистон дар Эрон дар паёме тасреҳ кард: Афғонистон қурбонии майдони рақобат ва ҷанги ниёбатии дигар қудратҳост ва терроризми кур ва ҳомиёни хориҷии онҳо дар ҳамлае буздилона ғайринизомиёнро ҳадаф қарор доданд, то ҳар чи бештар ниқоб аз чеҳраи тазвири худу ҳомиёнашон бардоранд .

Дар паи се инфиҷори рӯзи шанбе дар маросими ташйии ҷанозаи яке аз кушта шудагони тазоҳуроти рӯзи ҷумъаи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 19 тан кушта ва 80 нафар захмӣ шуданд. Рӯзи чаҳоршанбе низ бар асари инфиҷори террористӣ дар минтақаи дипломатнишини Кобул сад нафар кушта ва 500 нафар захмӣ шуданд. Гурӯҳи  террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт .