Дипломати перуӣ мусалмон шуд
Хорхе Лазо, корманди дипломатии сафорати Перу дар Русия дини Исломро қабул кард. Ӯ дар маъракаи ифтор дар "Хаймаи рамазонӣ” дар масҷиди Маскав гуфт, "маро дигар Хорхе нагӯед, номи ман акнун ба шараф амаки Паёмбар Ҳамза аст.”
Ба иттилои хабаргузории "Исламнюс”, ёвари атташеи сафорати Перу дар Русия Хорхе Лазо дар маҳзари ом эълон кард, ки дини Исломро қабул мекунад. Ин дипломати Амрикои лотинӣ гуфтааст, ки худи ӯ то кунун пайрави мазҳаби католикии дини масеҳӣ буд. Ҳамсари ӯ рус ва пайрави мазҳаби православии дини масеҳӣ будааст.
Ҳамза Лазо гуфтааст: "Ман католик будам ва мактаби католики хатм кардаам. Ҳамсабақони ман ҳама рӯҳонӣ шуданд. Ман аз Худованд миннатдорам, ки маро ба роҳи рост ҳидоят кард ва ба Ислом овард.”