Июн 06, 2017 16:27 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Кобул талафоти ҷонӣ надоштааст

Манобеи хабарӣ дар Афғонистон гузориш доданд, мушаки худсозе, ки имрӯз дар минтақаи шарқии пойтахти ин кишвар фуруд омад, ба хонаи сафири Ҳинд дар Кобул бархӯрдааст, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кардааст, ки ин мӯшаки худсоз ба майдони теннис бархӯрдааст, аммо шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки манзили сафири Ҳинд дар ин майдон воқеъ шудааст. Ин минтақа дар наздикии яке аз қароргоҳҳои НАТО воқеъ шудааст.

Партоби ин мушак ба шаҳри Кобул дар шароите сурат гирифт, ки пойтахти Афғонистон имрӯз мизбони мақомҳои 25 кишвар ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои дастёбӣ ба як иҷмои ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳи ин кишвар аст.

Пойтахти Афғонистон дар ҳафтаи гузашта шоҳиди инфиҷорҳои муҳибу маргбор будааст, ки дастикам 150 тан дар ин инфиҷорҳо кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

 

 

Барчасп