Июн 06, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибдории Трамп аз Арабистон дар муноқиша бо Қатар

Раисҷумҳури Амрико зимни ҷонибдорӣ аз Арабистон Қатрро ба таври ғайримустақим ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии «ал-Олам», Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар нахустин вокуниш ба муноқишаи ҷадиди Арабистону Қатар дар сафҳаи твиттерии худ навишт: «Дар сафарам ба Ховари Миёна эълом кардам, дигар наметавон кӯмаки молӣ ба идеологияи ифротгароёнаро таҳаммул кард. Раҳбарон (араб) ба Қатар ишора карданд!». Ин мавзеи Трамп дар ҳоле аст, ки то кунун Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати дифои Амрико талош карда буданд, дар қиболи муноқишаи ахир мавзеи бетараф бигиранд.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн, Миср, Либия ва Молдив рӯзи душанбе дар иқдоми ҳамоҳанге равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд. Ихтилофоти байни аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс пас аз сафари Трамп ба минтақаи Ховари Миёна шиддат гирифтааст.

 

 

Барчасп