Ҳалокати 9 террористи тоҷик дар шимоли Афғонистон
9 террористи тоҷикистонӣ дар амалиёти нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Қундузи Афғонистон кушта шуданд.
Ба иттилои хабаргузории садо ва симои Эрон, полиси вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон эълом кард: Бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амниятии афғон дар шаҳристони Имом Соҳиби ин вилоят, 11 террористи мусаллаҳ аз ҷумла 9 табааи Тоҷикистон кушта шуданд .
Дар амалиёти шабонарӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон низ 32 террорист кушта ва 33 нафар аз онҳо захмӣ шуданд .
Вазорати дифои Афғонистон эълом кард: Ин амалиёт дар вилоятҳои Каписа, Пактия, Пактика, Хост, Ғазнӣ, Қандаҳор, Урузгон, Бодғис, Қундуз, Бадахшон, Фориёб ва Ҳилманд иҷро шуд .
Яке аз кушташудагон дар ин амалиёт, саркардаи маҳаллии гурӯҳи Толибон буд .