Июн 08, 2017 20:59 Asia/Dushanbe
  • Дархости раисиҷумҳури Афғонистон барои поёни тазоҳурот дар Кобул

Раисиҷумҳури Афғонистон поён ёфтани тазоҳурот ва эътирозот дар шаҳри Кобл- пойтахти ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши Франс Пресс, Ашраф Ғанӣ рӯзи панҷшанбе ба думболи таҷаммуоти мухталиф дар шаҳри Кобул, дар эътироз ба бадтар шудани авзои амниятии ин шаҳр, поён фаврии ин эътирозот ва таҷаммуотро хостор шуд.

 Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз ҳамаи шаҳрвандони афғон хост, ба эътирозот дар Кобул поён диҳанд ва заминаро барои рафту омад дар хиёбонҳо фароҳам кунанд.

Мақомоти амниятии афғон ҳам таҳдид карданд, тазоҳуркунандагон мухолифи давлати Афғонистон дар Кобулро таҳти пайгарди қазоӣ қарор медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Гулнабӣ Аҳмадзай -фармондеҳи умумии неруҳои амниятии Кобул, мӯътаризонро «ошубгар» тавсиф кард ва муддаӣ шуд, ки низомиёни афғон ба тарафи тазоҳуркунандагон тирандозӣ накарданд.

Ба думболи инфиҷори террористии авохири ҳафтаи гузаштаи шаҳри Кобул, ки ба кушта шудани дасти ам 150 нафар ва захмӣ шудани ҳаддиақал 300 нафар мунҷар шудааст, ин шаҳр саҳнаи тазоҳурот аст.

Токунун шуморе аз тазоҳуркунандагон низ кушта ва захмӣ шудаанд.

 

Барчасп