Июн 12, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзуи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Минск

Мавзуи ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, дар Мински Беларус мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сойти Азия плюс, ахиран Беларус мизбони 19-умин нишасти Шӯрои ҳамоҳангии раисони мақомоти кишварҳои узви СПАД дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд. Ин ҷаласа таҳти раёсати Игоря Зубов-вазири умури дохили Русия баргузор шуд.

Дар ин нишаст, аз Тоҷикистон Шерхон Салимзода- мудири Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ин кишвар, ширкат ва суханронӣ кард.

Шерхон Салимзода дар суханронии худ дар мавриди вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, натоиҷи фаъолияти мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз масрафи маводи мухаддир ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвараш дар ин замина гузорише ироа кард.

Салимзода дар ин нишаст таъкид кард, бо вуҷуди талошҳои Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки бахши умдаи маводи мухаддир ва дигар маводи равонгардони қавӣ аз ин тариқ қочоқ мешавад, нигаронкунандааст ва ба ҳамкории бештари кишварҳои узви СПАД ниёз дорад.

Ширкаткунандагон дар ҷаласаи Минск бо таъкид бар ташдиди мубориза бо ҷароими вобаста ба маводи мухаддир ва масдуд кардани каналҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД), тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ ва истифода аз роҳкорҳои муштарак дар роҳи мубориза бо маводи мухаддирро хостор шуданд.