Июн 13, 2017 14:23 Asia/Dushanbe
  • Путин: Амрико аз террористҳо алайҳи Русия ҳимоят мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт: Амрико бо ҳимоят аз террористҳо дар ҷумҳурии Чеченистон аз онҳо барои бар ҳам задани суботи Русия истифода кардааст.

Ба иттилои Ирно, Путин дар мусоҳиба бо Оливер Стоун, коргардони машҳури амрикоӣ дар қолаби як филм, ки бахши нахусти он шомгоҳи душанбе аз канали телевизионии маҳаллии “Шутойм”-и Русия пахш шуд, гуфт: Созмонҳои иттилоотии Амрико бо вуҷуди эътирозҳо ва мухолифатҳои Маскав аз террористҳо дар Чеченистон ҳимоятҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, амалиётӣ ва молӣ карданд .

Путин афзуд: Шуракои амрикоӣ дар сухан аз Маскав ҳимоят ва барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм эъломи омодагӣ карданд, аммо дар амал аз террористҳо барои бар ҳам задани субот ва ихтилоли авзои дохилии Русия истифода карданд .

Раисҷумҳури Русия гуфт: Ин дидгоҳ дар ҳаводиси Осиёи Марказӣ ва Қафқози шимолӣ ҳам мумкин аст, иҷро шаваду Амрико аз ҷарёнҳои (террористӣ) дар ин манотиқ ҳам ҳимоят мекунад .

Путин дар бахши дигаре аз ин филм дар бораи имкони бартарии Амрико дар ҷанги эҳтимолӣ бо Русия афзуд: Ба назарам дар чунин ҷанге ҳечкас зинда нахоҳад монд .

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки равобити Русияву Амрико дар бадтарин шароити пас аз поёни даврони ҷанги сард қарор дораду зербинои ҳамкориҳои мутақобил, ки дар тӯли чанд даҳа бино шуда буд, аз байн рафтааст .

 

Барчасп