Июн 13, 2017 18:03 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли суқут як ноҳия дар шимоли Афғонистон ба дасти Толибон

Фармондори ноҳияи Хоҷасабзпӯши вилояти Форёб ҳушдор дод, бо ташдиди даргириҳо эҳтимоли суқути ин ноҳия ба дасти Толибони Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абдуллоҳ Маъсумӣ, фармондори ноҳияи Хоҷасабзпӯши Афғонистон имрӯз эълом кард, пас аз тасарруфи минтақаи стратегии Қарашайхӣ дар ин ноҳия чанд минтақаи дигар низ ба контроли Толибон даромадааст. Ба гуфтаи Маъсумӣ, даргириҳои миёни нерӯҳои амниятӣ бо Толибон ба маркази ноҳияи Хоҷасабзпӯш расидааст ва рустоҳои Янгӣ Қалъа, Катта Қалъа, Сарой Қалъа ва Бойм Уғли низ таҳти контроли Толибон даромадаанд. Фармондори Хоҷасабзпӯш ҳушдор дод, агар давлати Кобул нерӯҳои кумакӣ эъзом накунад, ин ноҳия суқут хоҳад кард.

Ноҳияи Хоҷасабзпӯш дар масири бузургроҳ, хутути иттисоли чанд ноҳияи дигари вилояти Форёб қарор дорад ва Толибон барои тасарруфи он талош мекунанд.

 

Барчасп