Видео: Оташсӯзии даҳшатнок дар бурҷи мусалмоннишин дар Лондон
Оташсӯзии густурдае дар ғарби Лондон ба таври комил як бурҷи маскунии 27 -табақаро, ки сокинони он мусалмон ҳастанд фаро гирифтааст.
Ба гузориши шабака хабарии “Алолам”, созмони оташнишонии Лондон эълом кардааст, дар ҳоли холӣ кардани ин бурҷи 27 -табақа аст ва ҳудуди 200 оташнишон дар саҳна ҳузур доранд.
Бар асоси ин гузориш, шумори номушаххасе аз афрод дар дохили ин бурҷ гир афтодаанд ва дар ҳоле, ки ҳаво дар Лондон равшан шудааст, оташсӯзӣ ҳамчунон идома дорад.
Полис аз мардум хостааст аз ин бурҷ дур шаванд, зеро эҳтимоли фурӯ рехтани он вуҷуд дорад.
Шуморе аз сокинони ин бурҷ, ки аз он хориҷ шудаанд, ваҳшатзадаанд ва шуморе дигар низ аз атроф дар ҳоли расондани худ ба минтақа ҳастанд.
Шоҳидон мегӯянд, садои афроде, ки аз дохили бурҷ фарёд мезананд ва кӯмак мехоҳанд, ҳамчунон шунида мешавад.
Ин сохтмон панҷоҳ то шаст сол қадимият дорад ва бисёре аз афроди сокини ин бурҷ мусалмон ҳастанд.
Ҳанӯз мушаххас нест барои афроде, ки дар дохили бурҷ гир афтодаанд чӣ иттифоқе рух додааст.
Дар ҳамин ҳол хадамоти ёрии таъҷилии пойтахти Англия эълом кард, дар оташсӯзии густурдаи сешанбешаб дар бурҷи маскунии 27- табақа дар ғарби Лондон дастикам 30 нафар захмӣ шудаанд.