Июн 18, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози даври дуввуми интихоботи парлумонии Фаронса

Даври дуввуми интихоботи парлумонии Фаронса бо кушоиши ҳавзаҳои ахзи раъй дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, даври дуввуми интихоботи парлумонии Фаронса, субҳи имрӯз (якшанбе) оғоз шуд ва 47 миллион фаронсавии воҷиди шароити раъй додан, пои сандуқҳои раъй мераванд.

Дар ин интихобот, сарнавишти 577 курсии понздаҳумин Маҷмаи миллии ҷумҳурии панҷуми Фаронса мушаххас мешавад.

Интихобот дар сарзаминҳои фародарёӣ (сарзаминҳои Уқёнисии Фаронса) як рӯз зудтар баргузор шуд, ки дар натиҷаи он, Annick Girardin, вазири сарзаминҳои фародарёӣ дар минтақа Saint-Pierre-Et-Miquelon аз ҳизби ҳокими «Ҷумҳурӣ дар ҳаракат» ба пирӯзӣ даст ёфт.

Этилофи таҳти раҳбарии Эмонуэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ва Ҳизби ҷумҳурӣ дар ҳаракат, дар даври нахусти интихоботи парлумоние, ки якшанбеи гузашта баргузор шуд, пирӯзии чашмгиреро касб кард.

Вазорати кишвари Фаронса, нархи мушорикат дар он интихоботро ҳудуди 49 дарсад эълом кард, ки аз назари поин будан, бесобиқа буд.

 

Барчасп