Июн 21, 2017 19:06 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани фармондеҳи собиқи артиши Покистон ба эътилофи Арабистон мавзуи шахсӣ аст

Мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ гуфт: Мавзуи пайвастани фармондеҳи собиқи артиши Покистон ба эътилофи низомии худсохтаи Арабистон, мавзуи шахсӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сартоҷ Азиз дар ҷаласаи ғайриалании  имрӯзи Комиссияи сиёсати хориҷии Маҷлиси Сенат афзуд, генерал Роҳил Шариф батаври расмӣ аз сӯи давлати Покистон ба Арабистон барои уҳдадор шудани масъулияти фармондеҳии ин эътилоф фиристода нашудааст, балки вай шахсан ин масъулиятро пазируфта ва агар бихоҳад, ба Покистон бозгардад, бояд довталабона тасмим ба ин кор бигирад.

Сартоҷ Азиз дар ҳоле мавзуи уҳдадор шудани фармондеҳии эътилофи низомии зидди Яман тавассути генерал Роҳил Шарифро масъалаи шахсӣ эълом кардааст, ки давлати Покистон ҳудуди ду моҳи пеш расман муҷаввизи биломонеъ будани пайвастани вай ба ин эътилоф барои уҳдадор шудани фармондеҳии онро содир карда буд.

Давлати Покистон дар шароите ба генерал Роҳил Шариф муҷаввизи пайвастан ба эътилофро додааст, ки ин мавзуъ бо интиқодҳои фаровон дар дохили Покистон мувоҷеҳ аст.

Мунтақидон муътақиданд, Покистон дар шароити кунунӣ, ки аз терроризм ранҷ мебарад- набояд вориди бозиҳои хориҷӣ ва минтақаӣ шавад ва беҳтар аст, фармондеҳони ботаҷрубаи артиши ин кишвар, тавон, дониш ва таҷрубаи худро дар масири мубориза бо терроризм дар дохили Покистон ба кор бигиранд .

 

Барчасп