Июн 25, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори мошини боркаш дар Покистон 123 кушта барҷо гузошт

Мошини боркаши ҳовии сӯхт пас аз вожгунӣ мунфаҷир шуд, ки 123 нафар дар ин ҳодиса кушта шуданд.

Ба иттилои Довн, инфиҷори танкери ҳовии сӯхт дар субҳи имрӯз дастикам 123 кушта бар ҷо гузошт .

Ба гуфтаи Рана Муҳаммад Салим Абдул, муовини раиси полиси Бахавалпур, ин танкери ҳовии сӯхт пас аз вожгунӣ, дучори сониҳа шуд ва оташ гирифт .

Ин мошини боркаш пас аз вожгунӣ ва нашти сӯхт, дучори ҳариқ шуда ва мунфаҷир шуд .

 75нафар дар ин сониҳа захмӣ шуданд .

Ба гузориши радиои Покистон, пас аз вожгунии мошини боркаши ҳовии сӯхт, мардум барои ҷамъ кардани сӯхтҳои рехташуда гирд омада буданд .

Дар ин инфиҷор, дастикам 6 мошин ва 12 мотосикл низ дар оташ сӯхтанд .

Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки захмиҳои ин ҳодиса ба бемористони марказии шаҳристони Бахавалпур ва бемористони хусусии Виктория мунтақил шудаанд.