Июн 27, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Террори як мақоми кашшофии Украина

Вазорати умури дохилии Украина эълом кард, инфиҷори як мошин дар Киев террористӣ буд ва бар асари он як маъмури амниятии артиш кушта ва як тани дигар захмӣ шуд.

Ба гузориши “Рейтерз”, пулиси Украина эълом кард, ин мошин, ки субҳи сешанбе дар яке аз хиёбонҳои марказии Киев дар ҳоли ҳаракат буд, мунфаҷир шуд ва бар асари он ронандаи мошин, ки сарҳанги кашшофии артиши Украина буд, кушта шуд. Таҳқиқот дар робита ба ин ҳамлаи террористӣ оғоз шудааст.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, низомии кушташуда Максим Шаповал аз мақомҳои раддаи болоии хадамоти кашшофии артиши Украина будааст. Вазорати дифоъ ва мақомҳои низомии Украина ҳанӯз дар ин бора изҳор назар накардаанд.

Субҳи имрӯз Оксана Плешик, сухангӯи пулиси Киев, пойтахти Украина аз инфиҷори як мошин дар ҳоли гузар аз яке аз хиёбонҳои ин шаҳр хабар дод.

 

Барчасп