Июн 28, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши эътимоди ҷаҳонӣ ба Амрикои Трамп

Дар ҳоле, ки беш аз панҷ моҳ аз оғози раёсатҷумҳурии Доналд Трамп мегузарад, мизони эътимоди ҷаҳониён ба сиёсатҳои давлати ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Муассисаи афкорсанҷии Pew дар ҷадидтарин таҳқиқоти худ эълом кардааст, ки фақат 22 дарсад аз 40 ҳазор нафаре, ки дар 37 кишвари ҷаҳон мавриди пурсиш қарор гирифтанд, ба сиёсатҳои Доналд Трамп эътимод доштаанд. Ин дар ҳолест, ки эътимоди ҷаҳониён ба раисҷумҳури қаблии Амрико Барак Обама беш аз 60 дарсад будааст. Ин мизони уфти эътимоди умумӣ ба давлати Амрико камсобиқа тавсиф шудааст.  

Далоили мутааддиде барои коҳиши эътимоди ҷаҳониён ба Амрикои Трамп вуҷуд дорад. Трамп сумбули рӯҳияи худмеҳварӣ, такаббуру худраъйии Амрикост, ки ба шакли урён зуҳур кардааст. Раисҷумҳури кунунии Амрико бо шиори "Дубора Амрикоро шукӯҳманд созем", дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузаштаи ин кишвар ба пирӯзӣ расид ва дар рӯзи савгандёдкунии худ шиори "Аввал Амрико"-ро сар дод. Ин шиорҳо дар ҳоли ҳозири мавриди ҳимояти ҷамъи касире аз мардуми Амрикост, ки ҷаҳонгароӣ ва мушорикатҷуии байналмилалӣ дар давлатҳои қаблии ин кишварро муғойир бо манофеи худ медонанд.

Аз ин рӯ, бедалел нест, ки Трамп қасд дорад, ба шакли ошкортар, Амрикоро ба шеваҳои мусолиматомез ё хашин, бори дигар бар ҷойгоҳи такабарқудратӣ дар ҷаҳон қарор диҳад. Барои расидан ба чунин ҳадафе Трамп сиёсати иқтисодии ҳимоятгаронаро дар пеш гирифта ва мудом дар ҳоли намоиши қудрат аз тариқи ҳамлаи мушакӣ ба Сурия, хатту нишон кашидан барои Кореяи Шимолӣ ва ихтилофафканӣ дар минтақаи буҳронии ғарби Осиё ва Халиҷи Форс аст.

Албатта талоши ҳайъати ҳокимаи Амрико ба раёсати Доналд Трамп барои бозгашт ба даврони тиллоии раҳбарии ҷаҳон дар ҳоле шиддат гирифтааст, ки ҷаҳони кунунӣ ҳамчун даврони ҷанги сард ва солҳои пас аз фурӯпошии блоки шарқӣ пазирои такабарқудратии Амрико нест. Дар арсаи иқтисодӣ, қудратҳои ҷадиде зуҳур кардаанд ва дар арсаи низомӣ низ абзорҳои сахти қудрат ранг бохтааст. Дар ин миён, огоҳии тудаҳо аз таҳаввулоти ҷаҳонӣ аз ҷумла таъсироти мухарриби султагариҳо ва ҷангафрӯзиҳо афзоиш ёфтааст. Ба ҳамин далел, бар хилофи нимаи дуввуми қарни гузашта, ки Амрико тавониста буд, бо татмеъ ва таҳдид, раҳбарии ахлоқии худро ҳадди ақал бар ниме аз ҷаҳон таҳмил кунад, акнун барои ҷалби назари мардум ҳатто дар кишварҳои ҳамсӯ ва муттаҳид бо худ низ дучори мушкил аст. Тахриби виҷҳаи умумии давлати Амрико назди афкори умумии ҷаҳониён, қудрати манёври ин кишварро барои пешбурди бархе аз умдатарин аҳдофи худ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ коҳиш медиҳад ва ин мавзуест, ки аз он ба унвони асри уфули Амрико ёд мешавад .

 

Барчасп