Озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ ва вокуниши Трамп
Кореяи Шимолӣ бомдоди сешанбе озмоиши мушакии ҷадиде анҷом дод, ки вокуниши раисҷумҳури Амрикоро дар пай дошт.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, мушаки баллистикии партобшуда аз нуқтаи партоби худ дар соҳили шарқии Кореяи Шимолӣ дар муддати 40 дақиқа масофаи беш аз 930 километрро паймуда, наздик ба 200-милии соҳили баҳри Ҷопон фуруд омадааст. Ин ёздаҳумин озмоиши мушакии Ҳукумати Кореяи Шимолӣ дар як соли гузашта маҳсуб мешавад ва давлати Пхенян то кунун дар ҳеҷ соле ин теъдод озмоиши мушакӣ анҷом надодааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико билофосила пас аз интишори хабари озмоиши ҷадиди мушакии Кореяи Шимолӣ дар матлабе дар сафҳаи твиттерии худ навишт: «Кореяи Шимолӣ ҳамин ҳоло як мушаки дигар шиллик кард. Оё ин фард (раҳбари Кореяи шимолӣ) дар зиндагии худ кори беҳтаре барои анҷом додан надорад?». Трамп дар идомаи матлаби твиттерии худ аз сабру таҳаммули Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ибрози тааҷҷуб карда, изҳори умедворӣ кард, ки Ҳукумати Чин рӯйкарди сахттаре дар баробари рафторҳои Кореяи Шимолӣ пеш мегирад.
Ҳукумати Кореяи Шимолӣ озмоиши бомдоди имрӯзро ҳамзамон бо Рӯзи миллии истиқлоли Амрико (чаҳоруми июл) анҷом дода, ки ба назар мерасад, ин ҳамзамонӣ ҳадафмандона аст.