Июл 07, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Дидори Трамп ва Меркел зери сояи ихтилофот

Раисҷумҳури Амрико ва садри аъзами Олмон ҳамзамон бо баргузории нишасти “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Ҳамбург бо якдигар дидору музокира карданд. Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Доналд Трамп ва Ангела Меркел дар бораи масоиле чун Кореяи Шимолӣ, вазъияти Ховари Миёна ва шарқи Украина табодули назар карданд.

Дидор ва музокираи садри аъзами Олмон ва раисҷумҳури Амрико дар шароите баргузор шуд, ки ду тараф дар рӯзҳои ахир ба шиддат аз сиёсатҳои иқтисодии якдигар интиқод карданд. Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон низ рӯзи ҷумъа, андаке пеш аз оғоз ба кор кардани “Гурӯҳи 20” гуфт, Амрико ҷаҳонро майдони яккатозии худ медонад ва давлатмардони Вашингтон бо тахайюлоти печидаи худ ба ҷаҳон нигоҳ мекунанд. Ӯ афзуд, тарзи нигоҳи давлатмардони Амрико ба ҷаҳон иштибоҳ аст. Онҳо ҳамкорӣ байни кишварҳоро майдоне медонанд, ки дар он тарафи қудратманд бояд ба дунболи ёфтани муттаҳидони ҷадид барои муқобила бо дигарон бошад. Вазири умури хориҷии Олмон бартариҷӯии Амрикоро решаи ихтилофи кунунии Берлин бо Вашингтон донист.

Нишасти “Гурӯҳи 20” шомили Иттиҳоди Аврупо ва 19 кишвар, Аргентина, Австралия, Бразилия, Чин, Олмон, Фаронса, Биритониё, Ҳинд, Индонезия, Италия, Канада, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Мексика, Русия, Арабистон, Африқои Ҷанубӣ, Туркия ва Амрико аст. Бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои ҷудоиандози ҳукумати Трамп нишасти имсоли “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон саҳнаи ихтилофоти бесобиқа аст.

 

 

Барчасп