Дӯстум ба Афғонистон бармегардад
Манобеи афғон аз бозгашти қариб-ул-вуқӯи Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳур ва раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии исломӣ ба Кобул хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон пас аз матраҳ шудани иттиҳомоти додгоҳӣ алайҳи ӯ ду моҳ пеш ба Туркия рафт, аммо гуфт, сукунаташ дар Туркия муваққат хоҳад буд. Дӯстум пеш аз сафар ба Туркия тасреҳ карда буд, ки тамоми ихтиёроти муовини аввали раисҷумҳурӣ аз ӯ салб шудааст, аммо ӯ ҳозир ба канорагирӣ нест.
Гуфта мешавад, бозгашти эҳтимолии генерал Дӯстум ба дунболи сафари Муҳаммад Маъсум Станакзай, раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба Истанбул ва даъват аз ӯ барои бозгашт ба Кобул аст. Манобеи афғон мегӯянд, раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон муовини аввали раисҷумҳури ин кишварро ба канорагирӣ аз эътилофи мавсум ба Шӯрои олии эътилоф барои наҷоти Афғонистон тарғиб карда, аммо ӯ дархости Станакзайро рад кардааст. Ин эътилоф ду ҳафта қабл бо ҳузури аҳзоби Ҷамъияти исломӣ ба раҳбарии Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ, Ҷунбиши миллии исломӣ ба раҳбарии Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дувуми раиси иҷрояи Ҳукумати Афғонистон ва раҳбари Ҳизби ваҳдати исломӣ шакл гирифт.