Июл 08, 2017 14:59 Asia/Dushanbe
  • Созмонҳои ҳуқуқӣ бархӯрди Арабистонро бо Қатар маҳкум карданд

Чандин созмони ҳуқуқӣ иқдомоти Арабистонро дар таҳрими Қатар маҳкум карданду онро шиддат гирифтани нақзи ҳуқуқи башар донистанд.

Ба гузориши ИРНА, Маркази ҳуқуқи башару демократияи Женева, Созмони Садои Озодии Ҳуқуқи Башар дар Порис, Созмони ҳамбастагии ҳуқуқи башар дар Женева, Ҷамъияти қурбониёни шиканҷаи Тунис дар Женева ва Созмони швейтсарии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар баёнияи муштараке таҳрими Қатарро боиси эҷоди буҳрони ҷадид дар Ховари миёна ва шиддати бештар гирифтани нақзи ҳуқуқи башар донистанду хоҳони рафъи ин муҳосира шуданд.

Ин созмонҳои ҳуқуқӣ бо ибрози нигаронӣ аз осори фоҷеаомези муҳосираи Қатар бар ҳазорон хонаводаи муқими кишварҳои арабии халиҷи Форс эълом карданд, ҳазору 954 коргару корманд ба шакли тавҳиномезу ғайриинсонӣ кӯчонида шуданд ва ёздаҳ ҳазору 387 нафар аз шаҳрвандони чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Қатар маҷбур ба тарки хоки ин кишвар шуданд.

Ин баёния ҳамчунин гуфтугӯ бо риояти эҳтиром ба ҳокимияти Қатар ва эъломияи Созмони милалро беҳтарин роҳи ҳалли ин буҳрон дониставу иқдоми Арабистон ба бастани танҳо гузаргоҳи заминии худ бо Қатарро маҳкум кардааст.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июн бо муттаҳам кардани давлати Қатар ба “ҳимоят аз терроризм” равобити сиёсии худро бо он кишвар қатъ ва Доҳаро таҳрим карданд.

 

Барчасп