Дидори Трамп бо Путин ва паёмадҳои он
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19738-Дидори_Трамп_бо_Путин_ва_паёмадҳои_он
Саранҷом моҳҳо пас аз интиқодоти Вашингтон аз Маскав, руасои ҷумҳурии Амрико ва Русия дар ҳошияи Нишасти сарони Гурӯҳи бист дар Ҳамбурги Олмон бо якдигар дидор карданд. Ин нахустин дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар баъд аз вуруди Доналд Трамп ба Кохи Сафед маҳсуб мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 08, 2017 19:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори Трамп бо Путин ва паёмадҳои он

Саранҷом моҳҳо пас аз интиқодоти Вашингтон аз Маскав, руасои ҷумҳурии Амрико ва Русия дар ҳошияи Нишасти сарони Гурӯҳи бист дар Ҳамбурги Олмон бо якдигар дидор карданд. Ин нахустин дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар баъд аз вуруди Доналд Трамп ба Кохи Сафед маҳсуб мешавад.

Дар миёни дидорҳои дуҷониба ва чандҷониба дар ҷарёни Нишасти сарони Гурӯҳи бист дар Ҳамбург, дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии Амрико ва Русия аз аҳаммияти фаровоне бархурдор буд.

Ду кишвар ба гуфтаи мақомоти аршади дар Маскаву Вашингтон, дар ҳоли ҳозир сардтарин равобитро баъд аз поёни ҷанги сард пушти сар мегузоранд. Русия ба баҳонаи ончи мудохила дар Украина, ҳимоят аз низоми сиёсии Сурия ва дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тавсиф шудааст, аз сӯи давлати ин кишвар мавриди таҳрим қарор гирифтааст. Дар муқобил низ Русия илова бар иқдомоти мутақобили иқтисодӣ, дар ҳавзаҳои ҳассос ҳамчун шарқи Аврупо, ғарби Осиё ва шимоли Африқо ба муваффақиятҳое дар баробари ғарб ба раҳбарии Амрико ноил омадааст. Ин таҳаввулот муҷиб шудааст, то дар дохили Амрико, зиддият бо Русия ба шакли бесобиқае ташдид шавад. Дар ҳоли ҳозир, тими интихоботии Доналд Трамп муттаҳам аст, ки дар даврони рақобатҳои интихоботии соли гузаштаи Амрико, муносиботи махфиёна ва номутаорифе бо русҳо доштааст.

Бо ин ҳол, дидори Трамп бо Путин ва тавофуқоти пас аз ин дидор дар Ҳамбург нишон дод, ки ҳадди ақал ҳалқаи аслии қудрат дар Кохи Сафед ба андозаи баданаи ҳайъати ҳокимаи Амрико, зиддият бо Русияро дар дастури кор надорад .

Гуфта мешавад, дар ҷарёни ин дидор, Трамп тавзеҳоти Путин барои адами дахолати Русия дар интихоботи Амрикоро пазируфтааст. Ҳамчунин сарони ду кишвар мувофиқат карданд, оташбасе дар манотиқе аз хоки Сурия ба мавриди иҷро гузошта шавад. Албатта Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико барои талтифи ин тавофуқ эълом кард, ки Вашингтон барои хонадони Асад дар тарсими ояндаи сиёсии Сурия ҷойгоҳе дар назар намегирад. Аммо мавозеи мукаррари русҳо дар ҳимоят аз Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ва таъкиди Маскав бар асли таъини сарнавишт тавассути мардуми ин кишвар, эҳтимоли ақабнишинии Трамп ва мушовиронаш дар баробари дидгоҳи русҳо дар Сурияро афзоиш медиҳад. 

Фарид Закариё, таҳлилгари CNN, пеш аз ин дидор бо ибрози нигаронӣ аз рафторҳо ва изҳороти контролнашудаи Трамп гуфт: Мушкиле, ки дар бораи Трамп вуҷуд дорад, ин аст, ки ӯ ба шакле стратегӣ рафтор намекунад. Намедонем, воқеан ӯ қарор аст, дар баробари Путин чи кор кунад, зеро ӯ ҳануз ҳеч дастури кору стратегии мушаххасе надорад ва мумкин аст, бидуни андеша ҳарфҳое бизанад .

Ба ҳар ҳол, чунин ба назар мерасад, ки амрикоиҳо бо вуҷуди лаффозиҳои Трамп дар хатту нишон кашидан барои руқабо ва душманони Амрико, абзори кофӣ дар ҷиҳати бозгардондани Амрико ба даврони такабарқудратӣ надоранд.

Ба иборати дигар, бо сафбандиҳои ҷадид дар низоми байналмилал ва зуҳури қудратҳои мустақили рақиби бомутахосим дар баробари Амрико, Вашингтон чорае ҷуз ба расмият шинохтани дидгоҳи дигарон надорад. Зуҳури Трамп гарчи вокунишии дерҳангоми ташкилоти сиёсӣ дар Амрико ба ин таҳаввулот аст, бо ин ҳол, рафторҳои тунди ҷарёни ҳомии Трамп, дар ниҳоят ба коҳиши нуфузи Амрико бар низоми байналмилалӣ суръат хоҳад бахшид.