Кохи Сафед: Путин инкор кард, Трамп напазируфт
Кохи Сафед эълом кард, раисиҷумҳури Амрико суханони ҳамтои руси худро напазируфтааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Reince Priebus- раиси коркунони Кохи Сафед, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Fox News” гуфт, Доналд Трамп инкорҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро дар бораи мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико напазируфтааст.
Раис коркунони Кохи Сафед дар идомаи гуфт, Трамп дар дидор бо Путин билофосила сӯҳбат аз мудохилаи Русия дар интихоботи Амрикоро ба миён овард ва ин масъала дастикам ду бор ба сурати муҷаззо матраҳ шуд.
Пеш аз ин ба нақл аз Доналд Трамп эълом шуда буд, Путин мудохилаи кишварашро дар интихоботи раёсатҷумҳурии сол 2016 Амрико ба шиддат такзиб кардааст.
Бо вуҷуди иддаоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико, мақомоти Кремл ҳамвора ин иддаоро рад кардаанд.