Австрия вазири иқтисоди Туркияро роҳ надод
(last modified Mon, 10 Jul 2017 14:48:37 GMT )
Июл 10, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Австрия вазири иқтисоди Туркияро роҳ надод

Давлати Австрия аз вуруди вазири иқтисоди Туркия барои ширкат дар маросими нахустин солгарди кудатои нофарҷоми ин кишвар ҷилавгирӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Себастян Курз, вазири умури хориҷаи Австрия, вуруди Нихет Зейбекси, вазири иқтисоди Туркияро ба он кишвар мамнуъ кардааст .

Вазорати умури хориҷаи Австрия бо ишора ба густардагии маросими солгарди кудатои Туркия, сафари мақоми туркро таҳдидкунандаи амният ва назми умумии Австрия хондааст .

Ҷумъаи гузашта низ Ҳолланд бо сафари Туғрул Туркеш, муовини нахуствазири Туркия барои ширкат дар маросиме мушобеҳ мухолифат кард .

Дар паи кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия, давлати ин кишвар токунун беш аз 130 ҳазор нафарро аз кор барканор ва ҳазорон нафарро боздошт кардааст .

Кишварҳои аврупоӣ, давлати Туркияро муттаҳам кардаанд, ки аз кудатои нофарҷом барои тасвияи ҳисоб бо мухолифони сиёсии худ сӯиистифода мекунад .