Талоши писари Трамп барои табрааи худ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19948-Талоши_писари_Трамп_барои_табрааи_худ
Писари бузурги раисҷумҳури Амрико ҳамкорӣ бо мақомҳои рус алайҳи рақиби интихоботии падари худро такзиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 12, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Талоши писари Трамп барои табрааи худ

Писари бузурги раисҷумҳури Амрико ҳамкорӣ бо мақомҳои рус алайҳи рақиби интихоботии падари худро такзиб кард.

Доналд Трамп Ҷуниур, фарзанди раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи Фокс Ниюз, мулоқоташро бо Наталя Веселнитская, вакили руси наздик ба Кремлин, беаҳаммият хонд.

Вай дар айни ҳол гуфт, агар замон ба ақиб бармегашт, эҳтимолан тасмими мутафовите мегирифт.

Доналд Трамп Ҷуниур афзуд: “Дар замони мулоқот бо вакили рус, иддаои дахолати Маскав дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико чандон барҷаста набуд ва бардошти ман сирфан ин буд, ки фарде иттилооте дар бораи рақиби падарам дар ихтиёр дорад”.

Трамп Ҷуниур муддаӣ шуд, падараш аз ин дидор мутталеъ набудааст.

Писари бузурги раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе маҷмуае аз номаҳои электронии худ марбут ба дидораш бо Наталя Веселнитскаяро мунташир кард.

Вакили рус дар он дидор ваъда дода буд, иттилооте муҳим ва нобудкунанда дар бораи Ҳилларӣ Клинтон, рақиби демократи Доналд Трамп дар интихоботи риёсатҷумҳурии 2016 Амрико мунташир шавад.

Адам Шифф, узви аршади Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрико мегӯяд, имейлҳои писари Трамп мушаххас кард, ки давлати Русия қасд доштааст, иттилооте барои кампини интихоботи Трамп муҳаё кунад.

Вай афзуд: Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрико мехоҳад, бо ҳама афроди муртабит ба дидори писари Трамп бо вакили рус, гуфтугӯ кунад.