Июл 13, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп бозхост мешавад

Як қонунгузори демократ тарҳи бозхости Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишварро ба Маҷлиси намояндагони Амрико ироа кард.

Ба гузориши “Порстудей”, Бред Шерман дар ин тарҳ Доналд Трампро ба монеътарошӣ дар масири таҳқиқот дар бораи дахолати иддаои Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016-и Амрико муттаҳам карда ва хостори бозхости вай шудааст.

Ин нахустин боре аст, ки як қонунгузори амрикоӣ ба таври расмӣ тарҳеро барои бозхост ё бозпурсии Трамп матраҳ мекунад.

 Бозхости раиси ҷумҳурии Амрико ба раъйи аксарияти қонунгузорони Маҷлиси намояндагони ин кишвар ниёз дорад. Маҷлисе ки дар ҳоли ҳозир аксарияти он дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон қарор дорад.

Пештар низ гурӯҳе аз ҷумҳурихоҳони амрикоӣ аз бозхости раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимоят карда буданд.

Ба эътиқоди Шерман, ихроҷи Ҷеймс Коми, раиси пешини полиси федерали Амрико аз сӯйи Трамп дар ҳоле, ки вай дар ҳоли анҷоми таҳқиқот дар бораи дахолат Русия дар интихобот Америка буд мисдоқ ҷилавгири аз иҷрои адолат аст.

Дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико яке аз масоиле буд, ки дар даврони муборизоти интихоботии Трамп ва Клинтон ва пас аз он ҷанҷолҳои зиёде ба по кард.

Ин амр бо таваҷҷуҳ ба бархе мавозеи эъломии Трамп дар бораи лузуми наздикии Амрико ба Русия ва бархе изҳороти ситоишомези вай аз шахсияти Путин, ба ин муноқиша доман зад.

Маскав борҳо ҳар гуна мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро рад кардааст.

 

Барчасп