Июл 14, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Интишори тасвири писари Доналд Трамп ба унвони муҷрим дар маҷаллаи “Тайм”

Маҷаллаи амрикоии “Тайм” дар ҷадидтарин шумора ҷилди асли худро ба тасвире аз писари бузурги раисҷумҳури Амрико ба унвони муҷрим ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, маҷаллаи амрикоии “Тайм” дар зери тасвири Доналд Трампи хурдӣ, писари бузурги Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз ибораи «ҳини иртикоби ҷурм» истифода кардааст, ки ба мавзӯи равобити писари бузурги Трамп бо як вакили муртабит бо Кремл ва дахолатҳои Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ишора дорад. Аъзои Кумитаи қазоии Сенати Амрико барои ҳузури писари бузурги Трамп ва тавзеҳ дар хусуси равобиташ бо ин вакили рус таъкид доранд.

Ифшои хабари тамоси Доналд Трампи хурдӣ, писари бузурги раисҷумҳури Амрико бо вакили рус дар даврони рақобатҳои интихоботии соли 2016 ҳамалот ба Доналд Трампро афзоиш додааст. Бар асоси ин гузориш, дар идомаи масири таҳқиқот ва ифшогариҳо агар асноди муътабаре аз мушорикати шахси Доналд Трамп дар парвандаи дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2016 ироа шавад, раванди истеҳзои ӯ суръат хоҳад гирифт.

 

Барчасп