Қоил шудани истисно барои мамнӯияти вуруди падаркалону модаркалонҳо ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20032-Қоил_шудани_истисно_барои_мамнӯияти_вуруди_падаркалону_модаркалонҳо_ба_Амрико
Додраси федералии иёлати Ҳавайии Амрико эълом кард, падаркалону модаркалонҳо шомили мамнӯъ-ул-вурудҳо ба Амрико нестанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 14, 2017 13:36 Asia/Dushanbe
  • Қоил шудани истисно барои мамнӯияти вуруди падаркалону модаркалонҳо ба Амрико

Додраси федералии иёлати Ҳавайии Амрико эълом кард, падаркалону модаркалонҳо шомили мамнӯъ-ул-вурудҳо ба Амрико нестанд.

Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Дарик Ватсон, додраси додгоҳи федералии иёлати Ҳавайӣ рӯзи панҷшанбе феҳрасти равобити хонаводагиро, ки шаҳрвандони шаш кишвари умдатан исломӣ бо истинод ба он метавонанд аз қонуни мамнӯияти сафар ба Амрико истисно шаванд, афзоиш дод. Ватсон эълом кард, бешак, падаркалону модаркалонҳо намоди равобити хонаводагии наздик буда, узви оила маҳсуб мешаванд.

Додгоҳи Олии Амрико моҳе қабл ҳукм кард, агар афрод битавонанд доштани робитаи воқеиро бо як шаҳрванд ё ниҳоди амрикоӣ исбот кунанд, аз қонуни манъи сафар истино хоҳанд шуд. Додгоҳи Олии Амрико моҳи июни соли 2017 ҳукми амалӣ шудани бахшҳое аз фармони иҷроии Трамп барои манъи вуруди шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Судон, Сомалӣ, Сурия, Либия ва Яманро ба хоки Амрико содир кард.