Июл 17, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Мамониати нухбагони амрикоӣ аз беҳбуди равобити Вашингтон ва Маскав

Таҳлилгари масоили сиёсии Амрико гуфт, нухбагон дар ду Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ қатъи комили равобити Вашингтон бо Маскавро хосторанд.

Дон Дебер, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Ню-Йорки Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи Presstv гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо мухолифатҳои густардаи созмонёфтае аз сӯи ҷумҳурихоҳон ва демократҳо, ки аз талошҳои вай барои наздиктар шудан ба Русия нигаронанд, рӯ ба рӯ аст .

Доналд Трамп дар тӯли таблиғоти интихоботии (раёсатҷумҳурии 2016) ваъда дода буд, ки равобити худро бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия беҳбуд бубахшад ва бо вай дар заминаҳои ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ ҳамчун терроризм ҳамкорӣ кунад .

Дон Дебер ҳамчунин таъкид кард, тазоҳурот ва дигар иқдомоти эътирозомези зидди Трамп дар воқеъ вокунише аз сӯи демократҳо ва либералҳост, ки аз вуруди ҷумҳурихоҳон ба Кохи Сафед хашмгин ҳастанд.  

Рӯзи шанбе, дастикам дар 20 шаҳри Амрико аз ҷумла Атланта, Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ, Чикаго, Финикс, Вашингтон, Бостон, Портланд ва Лос Анҷелес эътирозҳои густардае алайҳи Доналд Трамп анҷом шуд .

 

Барчасп