Июл 17, 2016 12:36 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Амрико бояд Гуленро таҳвили Анкара диҳад

Раисиҷумҳури Туркия гуфт, агар Амрико шарики роҳбурдии Туркия аст, бояд Фатҳуллоҳ Гулен- раҳбари гурӯҳи "террористӣ"-ро таслими Туркия кунад.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раисиҷумҳури Туркия шанбешаб дар ҷамъи мардуме, ки дар наздикии хонаи ӯ дар Истанбул гирд омада буданд, аз ҳузури густардаи мардуми ин шаҳр дар муқобила бо кудатогарон ташаккур кард ва гуфт, "пештар ба раисиҷумҳури Амрико гуфта будам, ки Гулен дар садади кудато дар Туркия аст ва бояд ӯро сареътар ба Туркия таслим кунед".

Эрдуғон бо баёни ин ки Туркия то кунӯн ҳар террористеро, ки Амрико хостааст ба ин кишвар таҳвил дода, афзуд, "Вашингтон ин дархости маро барои истирдоди Гулен қабул накард, ҳол дубора мегӯям агар шарики роҳбурдии мо ҳастед, ӯро таҳвил Туркия диҳед".

Давлати Туркия, Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар Пенсилванияи Амрико зиндагӣ мекунад ба ширкат доштан дар талоши рӯзи ҷумъа гурӯҳе аз нерӯҳои артиши Туркия барои кудато, муттаҳам мекунад.

Бо ин ҳол, ин раҳбари мазҳабӣ, ки дар табъиди худ хоста басар мебарад ва шабакаи густардае аз ҳомиёнро дохили Туркия дорад, ин иттиҳомро рад кардааст.

Ба гуфтаи Гулен, ин эҳтимол вуҷӯд дорад, ки кудато, саҳнасозӣ барои тарҳи иттиҳомоти бештар алайҳи тарафдорони Гулен бошад.

Аз сӯи дигар Ҷон Карбӣ- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Ҷон Керрӣ-вазири умури хориҷаи ин кишвар дар гуфтугӯи телефонии рӯзи шанбе бо Мавлуд Човуш Ӯғлу-ҳамтои турки худ, иддаои даст доштани Амрико дар кудатои шикастхӯрдаи Туркияро "саросар дурӯғ" хонд ва гуфт, ин мавзӯ ба равобити Туркия бо Амрико зарба мезанад.

Ба гуфтаи Карбӣ, Керрӣ аз мақомҳои Туркия хостааст хештандорӣ ба харҷ диҳанд ва дар таҳқиқот дар бораи абъоди кудатои нофарҷоми ахир, ба қонӯн эҳтиром бигузоранд.