Нахустин Қуръони дастдӯзи ҷаҳон дар Покистон
Июл 20, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
Бонуи покистонӣ тамоми Қуръонро бо ришта ва сӯзан рӯи порча нигориш кард.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Зумурадхон бонуи 31 солаи покистонии аҳли Карочӣ, ин Қуръонро дар муддати 7 солу 6 моҳ гулдӯзӣ кардааст.
Ин бонуи покистонӣ, ин асари бо арзишро ба манзури нишон додани ишқу иродатт худ ба Қуръон бо истифода аз риштаҳое бо рангҳои сабз, сиёҳ ва тиллои нигориш кардааст.
Ин Қуръон дорои тарҷума урду аст ва 63 килограмм вазн дорад ва ҳар ҷузъи он, ба таври ҷудогона дорои ҷилди дастсоз аст.
Барчасп