Сенатори демократ: Гуфтугӯ бо Эрон ба манфиати Амрикост
Сенатори демократи Амрико аз раисҷумҳури ин кишвар хост, ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд бошад.
Ба гузориши ИРНА, Том Карпер, сенатори демократи Амрико рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо ишора ба эътирофи давлати Трамп ба пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ навишт, гуфтугӯҳои маҳдуд бо Эрон метавонад ҳадафҳои муҳими Амрикоро пеш барад. Ӯ аз давлати Трамп хост, ба тааҳҳудоти Амрико дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бо диққат амал кунад, зеро ин тавофуқ имкони назорат ба фаъолияти ҳастаии Эронро фароҳам сохтааст. Бо ин ҳол, ин сенатори амрикоӣ таҳримҳои тоза алайҳи Эронро бо баҳонаи он чӣ "фаъолиятҳои суботзудо дар минтақа" хонд, хостор шуд.
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар номае ба Конгресс эълом кард, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ амал кардааст. Ин дувумин бор аст, ки давлати Трамп дар канори ҳамла ба БАРҶОМ ногузир шудааст, ба пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тааҳҳудоташ дар тавофуқи ҳастаӣ эътироф кунад. Бар асоси қонунҳои Амрико, ҳукумати ин кишвар муваззаф аст, ҳар 90 рӯз дар бораи пойбандии Эрон ба БАРҶОМ ба Конгресс гузориш диҳад.