Гулен: Кудато сенарияи Эрдуғон буд
Фатҳуллоҳ Гулен бори дигар ҳар гуна дахолат дар кудатои нофарҷоми 15 –уми июли соли гузашта дар Туркияро рад кард.
Ба гузориши “Рейтерз”, Гулен, ки дар табъид дар Амрико ба сар мебарад, ин кудаторо сенарияе донист, ки аз сӯйи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ва ҳамроҳони вай тарроҳӣ шуда буд.
Аммо Эрдуғон мегӯяд, ки гурӯҳи Гулен бо нуфуз дар ташкилоти қазоӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва аркони давлатӣ, кудатои 15-уми июлро дар ин кишвар созмондеҳӣ кардааст.
Давлати Эрдуғон аз замони кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли гузашта то кунун беш аз 170 ҳазор нафар, аз ҷумла мақомот, устодони донишгоҳҳо, кормандони давлат ва нерӯҳои давлатиро дастгир ва аз кор барканор кардааст.
Дар ин кудато ҳудуди 250 нафар кушта ва ду ҳазору 190 нафар низ захмӣ шуданд.