Июл 24, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Маҷористон: Намегузорем Аврупо исломӣ шавад

Нахуствазири Маҷористон гуфт, иҷоза нахоҳад дод, талошҳо барои таъсис “Аврупои исломӣ” мухталит (аз мусулмон ва ғайри мусулмон) ва ҷадид” ба натиҷа бирасад.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сомонаи хабарии “Аср”-и Эрон, Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон гуфт, ки масъулони Иттиҳоди Аврупо бо ҳамкории Ҷорҷ Сорос-сармоядори амрико – маҷористонӣ дар садади таъсиси “Аврупои исломии мухталит ва ҷадид” ҳастанд.

   Вай гуфт, Маҷористон бо ҳимояти чанд кишвар дар Аврупои Марказӣ мавонеъ (нардаҳои) марзӣ эҷод хоҳад кард, то монеъи ба натиҷа расидани талошҳои Иттиҳоди Аврупо ва Сорос шавад.

   Орбон бори дигар бо таъкид бар мухолифати кишвараш бо вуруди муҳоҷирон гуфт, ин муҳоҷирон метавонанд ҳувияти фарҳангии Маҷористонро тағйир диҳанд.

   Вай афзуд, Маҷористон ҳамчунон маконе барои масеҳиёни Аврупои Ғарбӣ аст, ки метавонанд дар он ҳамеша эҳсоси амният кунанд.

   Орбон ҳамчунин коҳиши миёнгини таваллуд дар кишварашро таҳдиде барои маҷористониҳо тавсиф кард ва аз сиёсатҳои ҷадиди ҳимоят аз афзоиши ҷамъият дар давлаташ хабар дод.

   Аз замони шиддат гирифтани даргириҳо дар ғарби Осиё, Маҷористон аз пазируфтани оворагони мусулмон, ки аксаран сурӣ ва ироқӣ ҳастанд худдорӣ кардааст.